Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) PC
Китобхои фаннии точики
ดาวน์โหลด Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) บนพีซีด้วย GameLoop Emulator
Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) บน PC
Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) มาจากผู้พัฒนา Китобхои фаннии точики ที่เคยรันบนระบบปฏิบัติการ Android มาก่อน
ตอนนี้คุณสามารถเล่น Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) บนพีซีด้วย GameLoop ได้อย่างราบรื่น
ดาวน์โหลดในไลบรารี GameLoop หรือผลการค้นหา ไม่ต้องสนใจแบตเตอรี่หรือโทรผิดเวลาอีกต่อไป
เพียงเพลิดเพลินกับ Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) PC บนหน้าจอขนาดใหญ่ฟรี!
Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) บทนำ
Хонандагони азиз! Асосгузори сулҳу вахдати миллӣПешвои
миллат, Президснти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи
лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи фарзанд» таъкид карда буд, ки дар шароити
кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ, дар замони инкишофи
босуръати техника ва технологияи нав, «дар шароити
ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин,
тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем...
Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи
фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ
ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад».
Дар робита бо ин таъкиди сарвари кишвар хотиррасон
бояд сохт, ки дар
даврони Истиқлолияти
давлатии
Тоҷикистон сиёсати
кишвари мо
дар соҳаи маориф
дар асоси дастовардҳои
навтарини
илми ҷаҳонӣ барои
таълими насли
наврас ва тарбияи
ахлоқи ҳамида ва рукнҳои волои он, чун ростӣ, эҳсон,
шафқат, сидқу вафо, саховату каромат ва амсоли он равона
шуд. Дар ин зимн бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таълимоти ниёгон, баҳрабардорӣ
аз арзишҳо ва муқаддасоти дигари миллию умумибашарӣ
комёбиҳои назаррасе дар таълиму тарбияи ҷавонон
ба даст омаданд, ки боз ҳам рушд бахшидани онҳо вазифаи
муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи муосири мост.
Хдмчунин қобили қайд аст, ки фарҳанги куҳанбунёди
тоҷик дар тӯли таърих дар тамоми шаклҳое, ки зуҳур кар-
дааст, ҳамеша тарбияи ахлоқии инсонро ҳадафи нахустип
қарор додааст. Аз ин ҷост, ки дар «Авасто» - бузургтарин
маъхази хаттии фарҳанги маънавии ниёгони мо шиорн
«Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ҷавҳари тарбияи
инсонро ташкил медод. Дар асрҳои миёна ҳам гузаштагони
мо мабдаъҳои шабеҳи онро ривоҷ додаанд: ҳадафи таълимот
оид ба инсони комил, ки маҳсули афкори донишмандони
асримиёнагии мост, маҳз тарбияи инсони соҳиби ахлоқи
ҳамида, пиндор, гуфтор ва рафтори наку будааст. Истифода
аз ин дастовардҳои ниёгонамон ва таълимоти дигари
фарҳанги ҷаҳонӣ ва ба шароити замони муосир мутобиқ
сохта истифода кардани онҳо дар таълиму тарбияи насли
наврас он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди равшандил аст.
Тарбияи ахлоқи ҳамида
ва рафтори шоистаи
шахс аз овони кӯдакӣ
оғоз мешавад. Оила ва
волидайн дар ин раванд
нақши асосиро мебозанд.
Минбаъд зимоми
тарбияро дар якҷоягӣ бо
оилаву волидайн муассисаҳои
томактабӣ, мактаб
ва ҷомеа дар умум ба даст мегиранд. Бо суханони дигар,
тарбия равандест, ки муттасил буда, гусастагии як ҳалқаи
он тамоми ин занҷирро халалдор месозад. Аз тарафи дигар,
тарбия бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти наврасон - омӯзиши
хислату сифатҳои шоиста, одоби рафтору муносибат, аз
ҷумла муоширати некуро дар тамоми ҳолатҳои ҳаёти шахсию
ҷамъиятии онҳо фаро гирад. Илова бар ин, омода кардани
насли наврас барои ҳаёти мустақилона ва рӯзгордорӣ
низ як ҷанбаи муҳимми таълиму тарбияи умумии ҷавонон
аст.
Бо дар назардошти аҳамияти масъалаҳои дар боло зикршуда
дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
иши— ниважз
санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул ва амалӣ шуда
истодаанд. Қонуни сирф миллии мо «Дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбняп фарзапд», кп бо икдоми
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳгарам Эмомалп Раҳмон
дар соли 2011-ум қабул шуд, сиёсати давлаги моро барои
тарбияи кӯдакон ва ҷавонон
боз ҳам бешгар мугаваҷҷеҳ
кард. Амалӣ сохтани пн Қопун
ва санадҳои дигари дар боло
зикршуда ҷидду ҷахди якҷояи
тамоми табақаҳои ҷомеа,
кулли сохторҳои он ва пеш аз
ҳама, мактабро тақозо мекунад. Ба роҳ мондани таълими
фанни «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» дар муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ як қадаме барои дастёбӣ ба ин ҳадаф ва
амалӣ сохтани сиёсати давлат дар тарбияи ҷавонони муосир
аст. Дар омӯзиши ин фан барои ҳамаи шумо, хонандагони
азиз, муваффақият орзу мекунам.
ข้อมูล
นักพัฒนา
Китобхои фаннии точики
เวอร์ชั่นล่าสุด
1.0
อัพเดทล่าสุด
2018-07-09
หมวดหมู่
Books-reference
มีจำหน่ายที่
Google Play
แสดงมากขึ้น
วิธีเล่น Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) ด้วย GameLoop บน PC
1. ดาวน์โหลด GameLoop จากเว็บไซต์ทางการ จากนั้นเรียกใช้ไฟล์ exe เพื่อติดตั้ง GameLoop
2. เปิด GameLoop และค้นหา "Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9)" ค้นหา Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) ในผลการค้นหาแล้วคลิก "ติดตั้ง"
3. สนุกกับการเล่น Одоби муошират ва рузгордори (синфи 8-9) บน GameLoop
Minimum requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-8300
Memory
8GB RAM
Storage
1GB available space
Recommended requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-9320
Memory
16GB RAM
Storage
1GB available space